12.10.2026 18:51
Дар пойтахти кишвар занеро барои фурӯши чилими электронӣ ба ноболиғон дастгир карданд.
12.10.2026 18:49
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 18:39
Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, гуфтааст, ки беш аз 20 ҳазор террорист, аз ҷумла зиёда аз 9 ҳазор узви гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” (ТТП), дар Афғонистон паноҳ гирифтаанд.
12.10.2026 15:35
Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18
Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.
12.10.2026 13:56
Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии Исроил, иддао кардааст, ки тамоми Навори Ғаззаро моли Исроил медонад ва орзуи тасарруфи ин минтақа ва бозгашт ба тамоми қаламрави онро дар сар дорад.
12.10.2026 13:49
Андрюс Кубилюс, комиссари дифои Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки вақти он расидааст, то Аврупо ва Украина якҷо стратегияи мустақили сулҳро таҳия ва иҷро кунанд. Ин изҳорот дар пайи тағйири мавқеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, дар қиболи Владимир Зеленский, раҳбари Украина, садо додааст.
12.10.2026 13:37
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор гумонбар аст.