Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Ҷамшед Машрабзода дар вохӯрии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии «Чин + Осиёи Марказӣ» иштирок намуд
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 7-уми сентябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар доираи «Чин + Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Манбаъ навиштааст, ки дар вохӯрӣ роҳбарияти вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қиргизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҷамшед Машрабзода намояндагӣ намуд.
Гуфта мешавад, ки масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои иштирокдор дар самти муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва падидаҳои нави ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Ҷонибҳо доир ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористӣ, муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, пешгирии киберҷиноятҳо, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои муштарак ва вусъат бахшидани раванди мубодилаи таҷриба ва маълумот байни мақомоти дахлдори кишварҳо табодули назар намуданд”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад