29.09.2026 12:33
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11
Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 11:03
Шамила Чудрӣ ва Калин Ҷексон, раисони муштараки “Комиссияи баррасии ҷанги Афғонистон”, бо Осим Мунир, раиси Ситоди артиши Покистон, дидор кардааст.
29.09.2026 10:48
Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37
Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 09:10
28-уми сентябр дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Фаластин бозии дӯстона анҷом дод.
29.09.2026 07:07
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 17:21
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия, рӯзи душанбе гуфт, Украина барои ҳамлаҳои ахираш ба зерсохторҳои энергетикӣ ва иншооти саноатии Русия “посух хоҳад дод”.