Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард
Дар ҳамлаи мушакии Эрон дар Ҳурмуз 8 низомии Амрико захмӣ шуданд
Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
Эмомалӣ Раҳмон дар СММ аз ҷаҳон хост ба зилзилазадагони Афғонистон кумак кунанд
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни суханронии худ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки барои аз миён бурдани мушкилоти хушксолӣ дар Афғонистон ва кумак ба зилзилазадагони ин кишвар ҳамкорӣ кунанд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, дар ин раванд саҳмгузорӣ кунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар иҷлоси Маҷмаи Умумӣ афзуданд: “Мо ҷомеаи байналмилалиро даъват мекунем, ки кумакҳои башардӯстонаро, бахусус ба минтақаҳои осебдида аз хушксолӣ ва зилзилазада расонанд”.
Президенти Тоҷикистон таъкид карданд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарор кардани сулҳу субот, таъмини амнияти комил ва рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистони ҳамсоя мебошад.
Сарвари кишвар дар бахши дигари суханони худ терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилиро хатари ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ номида ва ба зарурати ҳамкории зич бо ниҳодҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо ин таҳдидҳоро таъкид карданд.
Пешвои миллат аз Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид хостанд, аз кишварҳое, ки дар муқобили терроризм мубориза мебаранд ва нақши фаъолтар иҷро мекунанд, ҳимоят кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард