3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:50, Душанбе
08.06.2025 17:21

Нишасти чоруми Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон дар Деҳлӣ. Тоҷикистон корхонаҳои ҳиндиро барои ширкат дар ҳамоиши нассоҷӣ даъват кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 6-уми июн дар нишасти чоруми “Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон”, ки дар шаҳри Деҳлии нави Ҳиндустон доир шуд, ширкат ва суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар соҳаи тиҷорат, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва саноат густариш меёбад.

Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишаст аз корхонаҳои ҳиндӣ барои ширкат дар Шурои байналмилалии нассоҷӣ, ки рӯзҳои 8-10-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват кард. Таъкид шуд, ки ин ҳамоиш боиси тақвияти ҳамкории саноатии ду кишвар хоҳад шуд.

Бар асоси иттилои расонаҳои ҳиндӣ нишасти чоруми “Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон бо ҳузури вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон доир гашт.

Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии кишварҳои зикршуда масоили муҳимми ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иртибототи инфрасохторӣ, амнияти минтақавӣ ва рушди устуворро баррасӣ намуданд. Дар доираи муколама масоили ҳамкориҳо дар самтҳои муҳим, аз ҷумла транзит, илм, маориф, иқтисод, кишоварзӣ, технологияҳои рақамӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. 

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон таъкид намуд, ки кишвараш ба тақвият ва устувор намудани робитаҳои худ бо Осиёи Марказӣ ҳамчун як қисми муҳимми сиёсати шарқии худ таваҷҷуҳи хос дорад. Ӯ бори дигар ба аҳамияти муҳимми транзитии Чобаҳор таъкид карда, онро яке аз роҳҳои муҳимми тиҷоратӣ барои Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард.

Дар ҷараёни муколама ҷонибҳо имкони истифодаи васеи бандари Чобаҳорро дар ҳамоҳангӣ бо долони Шимол-Ҷануб мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин, ташкили марказҳои логистикӣ, осон кардани расмиёти гумрукӣ ва таъмини роҳҳои самараноки транзитиро ба манфиати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ донистанд.

Ҳиндустон пешниҳод кард, ки барои табодули таҷриба дар соҳаи рақамикунунонӣ, зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзиши рақамӣ ҳамкориҳо густариш дода шавад. Инчунин, ба тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

“Ҳиндустон омодааст ба ҳайси шарики боэътимод бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми самтҳои афзалиятнок ҳамкорӣ кунад”- зикр кард вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманяма Ҷайшанкар.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.