Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
31.12.2025 13:55
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз, 31-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, Сарвари давлат ҳамлаи охири ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қароргоҳи президенти Федератсияи Русия дар вилояти Новгородро маҳкум карданд.
"Бахусус таъкид гардид, ки чунин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар суҳбати телефонӣ Президентҳои Тоҷикистон ва Русия якдигарро бо Соли нави 2026 табрик гуфтанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
31.10.2026 10:04
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 10:02
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Пас аз 11 сол ташкилоти АСА ба Тоҷикистон омад ва мусобиқаи диданӣ ташкил кард.
31.10.2026 09:44
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
31.10.2026 07:49
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи як барномаи муштараки минтақавии мубориза бо паёмадҳои тағйирёбии иқлим беш аз 72 миллион евро дарёфт хоҳад кард.
30.10.2026 17:44
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:43
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Сухангӯи Кремл мегӯяд, Владимир Путин омода аст бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла президентҳои Фаронса ва Украина ва садри аъзами Олмон гуфтугӯ кунад.
30.10.2026 13:10
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:27
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
1-уми ноябри соли равон дар Ню-Йорк, дар заминаи Kingsborough Community College мактаби футболи дастаи "Истиқлол" ба фаъолият оғоз мекунад.
30.10.2026 08:25
Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”
Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.