Фаъолияти дипломатии Сафири Украина дар Тоҷикистон ба охир расид
Сарвари давлат дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Сафари кории Пешвои миллат ба Рашт аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани фурудгоҳ оғоз шуд
Ҷонибек Ҳикмат ва Мигел Моратинос масъалаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNAOC-ро баррасӣ карданд
27.04.2026 12:27
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин ва Сейшел Барри Фор дар Душанбе
Имрӯз, 27-уми апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва диаспораи Ҷумҳурии Сейшел Барри Фор, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда аст, баргузор гардид.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, сайёҳӣ ва обу иқлим баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки Сироҷиддин Муҳриддин ва Сейшел Барри Фор ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
15.09.2026 18:25
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
Як таҳлилгари исроилӣ менависад, ки Амрико дар ҳоле аз пирӯзӣ дар муқобили Эрон ҳарф мезанад, ки Пентагон аз коҳиши захираи аслиҳа хабар медиҳад. Дар канори он, нархи нафт ба 110 доллар афзоиш ёфта, гузаргоҳҳои стратегии Ҳурмуз ва Бобулмандаб дар зери муҳосираи неруҳои ҳомии Эрон қарор гирифтааст.
15.09.2026 17:43
Тоҷикистон ва БАТР нақшаи ҳамкории то соли 2030-ро имзо карданд
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои густариши ҳамкориҳои самроягузорӣ дар солҳои 2026-2030 санади нави ҳамкорӣ имзо намуданд.
15.09.2026 17:35
Осиёи Марказӣ ба майдони нави рақобати ҳуши маснуъӣ табдил мешавад
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд бо истифода аз неруи барқи обӣ дар рушди марказҳои бузурги ҳисоббарорӣ барои ҳуши маснуъӣ ҷойгоҳи нав пайдо намоянд.
15.09.2026 17:26
Дар Тулаи Русия имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба намоиш гузошта шуд
Дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия ба муносибати 880-солагии ин шаҳр имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
15.09.2026 17:18
Тоҷикон дар Қирғизистон метавонанд 60 рӯз бе виза зиндагӣ кунанд
Ҷумҳурии Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки аз 18-уми сентябри соли ҷорӣ муҳалати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кориро ба шакли автоматӣ ба қайд гирад.
15.09.2026 15:42
Масъалаи ҷалби сармоягузорӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд.
15.09.2026 15:41
Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани ҳолати техникӣ. Дар кишвар амалиёти «Автобус» ҷараён дорад
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми сентябр амалиёти «Автобус» оғоз шуда, то 23-юми сентябр давом меёбад.
15.09.2026 14:39
Шералӣ Кабир ва Ким Ҷонг Кван масъалаи истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолотро баррасӣ карданд
14-ми сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи ҷаласаи нахустини Механизми машваратии вазирони саноат дар формати «C5+1» мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея Ким Ҷонг Кван баргузор гардид.
15.09.2026 11:13
Такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон ва баргузории машқҳои муштарак. Мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон
14-уми сентябр раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кетрин Смиттон мулоқот намуд.
15.09.2026 11:12
Толибон 10 нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи озодӣ дар Бадахшон боздошт кардаанд
Манобеи маҳаллӣ дар Бадахшони Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон 10 нафарро дар ноҳияҳои Шукай ва Хоҳони вилояти Бадахшон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи озодии Афғонистон боздошт кардаанд.
15.09.2026 11:03
Шурои амният барои баррасии вазъи Бобулмандаб ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад
Манобеи дипломатӣ мегӯянд, ки Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе барои баррасии таҳаввулоти марбут ба тангаи Бобулмандаб ҷаласаи изтирорӣ баргузор хоҳад кард.
15.09.2026 10:52
Гузориши «Ню-Йорк Таймз» аз ошӯб дар Пентагон: Ҳегсет ба эҷоди фазои нобоварӣ муттаҳам мешавад
Рӯзномаи амрикоии «Ню-Йорк Таймз» дар гузорише аз он чӣ «ошӯби доимӣ» дар Вазорати ҷанги Иёлоти Муттаҳида таҳти роҳбарии Пит Ҳегсет, вазири ҷанг, номидааст, навиштааст, ки ин вазъият тавоноии мақомоти баландпояи низомиро барои тамаркуз ба авлавиятҳои амниятии ИМА коҳиш додааст.