Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Мулоқоти Сарвари давлат бо президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Токаев
Имрӯз, 29-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" дар шаҳри Остона бо президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот намуданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, дар рафти суҳбат сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ карданд.
"Ҳарду ҷониб аз динамикаи мусбати ҳамкорӣ қариб дар ҳама соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид", - зикр мегардад дар иттилоия.
Таъкид мегардад, ки ба афзоиши тиҷорати дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.
Гуфта мешавад, ки бо назардошти вазъи кунунии бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷонибҳо афзоиши минбаъдаи содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад