13 Октябр 2026,
сешанбе, 09:41, Душанбе
30.11.2024 13:47

Аввалин парвози хатсайри ҳавоӣ аз Душанбе ба самти Давҳаи Қатар оғоз шуд

Рӯзи 28-уми ноябр аввалин парвози хатсайри ҳавоии “Сомон-эйр” аз самти шаҳри Душанбе ба шаҳри Давҳаи Қатар оғоз гардид.

Тибқи гузориши “Сомон-эйр” ҳафтае як маротиба парвози ҳавоӣ аз ҷониби ин ширкат ба пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа анҷом дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Давҳа соати 12:00 муқаррар шудааст. Соати парвоз  аз Душанбе ба Давҳа 3 соату 50 дақиқа, аз Давҳа ба самти Душанбе 3 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.

Таъкид шудааст, ки хатсайри нави ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳаи Қатар бо дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон-эйр” ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қатар бар асоси “Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ” аз 6-уми феврали соли 2017 ва Протоколи ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании Ҳукумати Давлати Қатар аз 22-уми апрели соли 2019” роҳандозӣ шудааст.

Боз шудани хатсайри нави ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қатар боиси рушди муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо, аз ҷумла ҳамкории фарҳангӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сайёҳӣ мегардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.