09.11.2026 15:50
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-ум ва 11-уми ноябри соли равон дар қисми зиёди ҳудуди ҷумҳурӣ борону барф пешгӯӣ мешавад.
09.11.2026 15:48
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми ноябр дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дастовардҳои Қазоқистон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии ин кишварро муҳим арзёбӣ карданд.
09.11.2026 15:42
Файсал Ниёз Тирмизӣ, сафири Покистон дар Русия дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки вазъияти ноустувори амниятӣ дар Афғонистон монеаи иҷрои лоиҳаҳои пайвасткунии Покистон ба Осиёи Марказӣ ва Эрон мешавад. Сафир таъкид намуд, вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа таъсир мерасонад.
09.11.2026 14:39
Имрӯз, 9-уми ноябр муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Суҳроб Қудратзод бо намояндагони Бонки Исломии Рушд (БИР) вохӯрӣ намуд.
09.11.2026 14:36
Расонаи амрикоии “Политико” (Politico) менависад, ки тамоси телефонии раҳбарони Финландия ва Норвегия бо Владимир Путин ихтилофоти амиқ миёни кишварҳои аврупоӣ дар мавриди муносибат бо Русияро ошкор кардааст.
09.11.2026 14:28
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки ихтилоф ва нафрати миёни президентҳои Русия ва Украина яке аз сабабҳои асосии идома ёфтани ҷанг аст. Ӯ таъкид намуд, ки ду кишвар ба созиши сулҳ наздик шудаанд.
09.11.2026 11:55
Имрӯз, 9-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.
09.11.2026 11:53
Президенти Исроил Исҳоқ Ҳерсог, раҳбари ҳизби “Яшар” Гади Айзенкотро барои ташкили ҳукумати нави кишвар вазифадор кардааст. Ин тасмим дар пасманзари ихтилофҳои сиёсӣ ва идомаи буҳронҳои амниятӣ дар минтақа гирифта шудааст.