Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Пешниҳоди Ш. Зуҳуров: “Дар Тоҷикистон гулгашти қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шавад”
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 124 меҳнаткаши ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд.
“Дар айни замон дар Тоҷикистон 17 иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 124 меҳнаткаши ақибгоҳ боқӣ мондаанд” – гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Шукурҷон Зуҳуров дар маросими гиромидошти хотираи сарбозоне, ки дар ҷанг ҳалок шудаанд, ин нуктаро ёдовар шуд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамаи тадбирҳои заруриро барои баргузор намудани роҳпаймоии “Полки ҷовидон” дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меандешад.
Раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои омодагӣ ва таҷлили шоистаи 80-солагии Ғалаба кумак хостааст.
“Мо пешниҳод кардем, ки дар Душанбе осорхонаи эвакуатсия таъсис дода шавад, то воқеияти сахти он замон бозсозӣ гардад. Дар боғи Ғалабаи пойтахт гулгашти қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Ҳамчунин, лоиҳаи махсус “Дар бораи нақши эвакуатсия ва саҳми мардуми Тоҷикистон дар ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” таҳия шавад ва қонуни нав “Дар бораи собиқадорон” қабул гардад, зеро қонуни қаблӣ ҳанӯз дар соли 1994 қабул шуда буд” – таъкид намуд Шукурҷон Зуҳуров.
Ӯ таъкид кард, ки пешниҳодҳояш аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор қабул шуда ва супориши Дастгоҳи президент дар хусуси амалӣ намудани он вуҷуд дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад