04.11.2026 08:30
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2-юми ноябр дар Маҷмааи миллии соҳибкории "Роҳи Абрешим"'-и шаҳри Истаравшан аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 170 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати шаҳри Истаравшан туҳфа супорида шуд.
04.11.2026 07:55
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки аз 4-ум то 6-уми ноябри соли равон омадани сел пешгӯӣ мешавад.
03.11.2026 14:00
Имрӯз, 3-юми ноябр Конфедератсияи футболи Осиё дар бораи тағйир додани муҳлати баргузории Ҷоми Осиё-2027 қарор қабул кард.
03.11.2026 13:57
Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49
Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:40
Низомиёни Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар вилояти Хатлон як қитъаи роҳи мошингардро, ки дар натиҷаи омадани сел хароб шуда буд, барқарор карданд.
03.11.2026 13:12
Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
03.11.2026 11:05
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар кишвар зарфи як моҳ беш аз 97 фоиз иҷро гардид.