Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов дар Наврӯзи Хуҷанд иштирок мекунанд
Дар ҷараёни мулоқоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон қарор шуд, ки роҳбарони се кишвар дар ҷашни yаврӯзии шаҳри Хуҷанд иштирок кунанд.
Содир Ҷабборов дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки дар ҷашни Наврӯзи Хуҷанд ширкат хоҳад кард. Дар доираи ин мулоқот президенти Қирғизистон гуфт, ки таҳкими эътимод миёни халқҳои се кишвар муҳим аст ва дар ин раванд чорабиниҳои фарҳангӣ нақши муассир доранд.
“Дар ин замина мехоҳам аҳамияти таҷлили Наврӯзро, ки 31-уми март дар Хуҷанд баргузор мегардад, таъкид кунам. Барои даъват изҳори сипос мекунам ва дар он иштирок хоҳам кард. Итминон дорам, ки таҷлили муштараки Наврӯз ба як анъанаи нек табдил хоҳад ёфт, ки рамзи сулҳ ва ваҳдати халқҳои Осиёи Миёна мебошад” – таъкид кард Содир Ҷабборов.
Бар асоси барномаи ҳукумати Тоҷикистон имсол ҷашни Наврӯз, рӯзи 31-уми март бо иштироки роҳбарони се кишвар дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Хатти хабарҳо
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем