Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Трамп дар Вашингтон суханронӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ – Иёлооти Муттиҳидаи Амрико” (С5+1), ки рӯзи 6 –уми ноябр дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳузури Доналд Трамп, Президенти Амрико баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии худ сулҳу собот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки рушди ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон бояд мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирад.
“Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд” – зикр намуданд сарвари давлат.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои мухталифи саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда, аҳамияти хоса зоҳир карда шавад. Ҳамчунин, алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму рушди ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо махсус баён шуд.
Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ, аз ҷумла самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд.
Дар фарҷоми суханронӣ зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори иқтисодии худ метавонад ба воситаи густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод