9 Июл 2025,
чоршанбе, 13:50, Душанбе
25.11.2024 09:55

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахши энергетика рушд медиҳанд

Дар мулоқот бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳалака Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа масъалаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва захираҳои обро мавриди гуфтугӯ қарор додааст. Мулоқоти мазкур рӯзи 22-уми ноябр дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст, ки дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар мулоқот ду ҷониб доир ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об суҳбат намуданд. Таъкид гардид, ки дар оянда ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об густариш хоҳад ёфт, ки он ба манфиати ду тараф хоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

09.07.2025 12:50

Хавфи Исроил аз мушакҳои Эрон. Эрон бузургтарин захираи мушакии ҷаҳонро месозад

Рӯзномаи амрикоии "Ҳилл" ("The Hill") дар таҳлиле ба тавони мушакии Эрон пардохта, навиштааст, ки Эрон аз марҳилаи сохтану озмоиши мушак ба марҳилаи истеҳсолоти саноатӣ расидааст.
09.07.2025 13:39

Масъуд Пизишкиён: “Нетаняҳу кӯдакону занонро мекушад”

Такер Карлсон: - Ба назар мерасад, ки ҳоло танаффусе дар даргирии миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вуҷуд омадааст. Ба назари Шумо, ин вазъият дар ниҳоят чӣ гуна ба поён хоҳад расид? Ва Шумо мехоҳед, ки ин даргирӣ чӣ гуна хатм шавад?
09.07.2025 12:42

Садир Жапаров чанд бор ба Тоҷикистон омад ва ҳадафи сафарҳои расмии ӯ чӣ буд?

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров як қатор сафарҳои муҳимми расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст, ки ҳадафи асосии он таҳкими робитаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ будааст.
09.07.2025 12:02

Ҷозибаҳои табиат ва таърихи Хатлон дар соли 2025 беш аз ним миллион гардишгарро ҷалб кардааст

Вилояти Хатлон қалби таърих ва табиати Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2025 мизбони 554,498 сайёҳ, аз ҷумла 45,970 меҳмони хориҷӣ ва 508, 528 сайёҳи дохилӣ буд. Ин омор, ки аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нашр шуд, аз афзоиши бесобиқаи таваҷҷуҳ ба ин минтақаи дорои мероси бойи таърихӣ ва табиати нотакрор шаҳодат медиҳад.
09.07.2025 11:29

Вазири собиқи Афғонистон: “Ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Русия “бозии амниятмеҳвар” аст”

Русия ба таври расмӣ ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият шинохт ва ба сафири ин гурӯҳ Гул Ҳасан иҷоза дод, ки дар сафорати Афғонистон дар Маскав фаъолият кунад. Ин хабар, ки аз сӯи хабаргузории ТАСС бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шуд, вокунишҳои густурдаеро дар Афғонистон ба миён овард.
09.07.2025 11:15

Чиниҳо бо лазер ба ҳавопаймои олмонӣ ҳамла карданд

Киштии ҷангии Чин дар обҳои байналмилалии Баҳри Сурх бо лазер ба ҳавопаймои ҷосусии Олмон ҳамла кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Олмон сафири Чин дар Берлинро даъват карда, ин иқдоми Чинро маҳкум кардааст. Чин бошад, ин иттиҳомро рад менамояд.
09.07.2025 10:54

Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи бузурги сайёҳӣ бо иштироки 200 ширкати сайёҳӣ баргузор мегардад

Намоишгоҳи сайёҳии Душанбе “DITE-2025” аз 18 то 20-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо дастгирии ширкати сайёҳии “Сомон Трэвел” баргузор мегардад.
09.07.2025 07:40

Ранги сабзу сурх. Кай натиҷаи озмуни тақсимоти асосии довталабон маълум мегардад?

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 25-уми июли соли равон натиҷаи озмуни тақсимоти асосии довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи паёмак (sms) ба ҳар довталаб ирсол мегардад.
08.07.2025 13:56

Тоҷикистон мехоҳад бо баргузории нахустин форуми нассоҷӣ сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад

Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи сешанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ ифтитоҳ гардид: иқдоме, ки мақомот онро як қадами муҳимми стратегӣ дар роҳи саноатишавии кишвар арзёбӣ мекунанд.
08.07.2025 13:46

Дар як амалиёти Ҳамос 20 низомии исроилӣ дар Ғазза куштаву захмӣ шудааст

Дар натиҷаи як амалиёти муштараки ҷангиёни фаластинӣ дар Навори Ғазза тақрибан 20 низомии исроилӣ захмӣ шудаанд, ки ҳолати 4 нафари онҳо бисёр вазмин арзёбӣ мегардад. Эҳтмоли афзоиши теъдоди қурбониён хеле зиёд аст.
08.07.2025 11:55

Трамп ба маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп бо содир кардани як қарор расман эълон кард, ки аз 1-уми августи соли 2025 ба воридоти тамоми молҳои истеҳсолии Қазоқистон боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми 25% ҷорӣ мекунад. Ин иқдом, ба гуфтаи ӯ, посух ба “сиёсати нобаробарии тиҷоратӣ ва мавҷудияти монеаҳои гумрукӣ ва ғайригумрукӣ аз ҷониби Қазоқистон” аст.