Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Моҳи октябр дар Душанбе ду нишасти муҳимми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
Ҷаласаи ду ниҳоди олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои узви ин созмон рӯзҳои 9-10-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин хусус Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев хабар додааст.
“Моҳи октябр дар Душанбе ду ҷаласаи муҳимми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Рӯзи 9-уми октябр ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Тоҷикистон ва рӯзи 10-уми октябр Ҳамоиши сарони давлатҳои узви ИДМ баргузор мешавад”- зикр кард Сергей Лебедев.
Ёдовар мешавем, ки Серегей Лебедев дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки чанд рӯз қабл дар Душанбе баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин ҷаласа як қатор санад ва қарор қабул карда шуд. Аз 1-уми январи соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Русия ва Туркманистон ҳамчун ҳамраис амал мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд