Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Корея дар Тоҷикистон
26-уми август вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шикро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд, табодули афкор сурат гирифт.
"Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои омодагӣ ба Саммити қарибулвуқӯи «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» зоҳир гардид. Ҷонибҳо оид ба омодагии муҳтавои ин чорабинии муҳим табодули афкор намуда, ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кардан", - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем