Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Дар Тоҷикистон Сафорати Кувайт боз мешавад
Президенти Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ дар Кувайт қарор дорад, зимни дидор ва мулоқот бо Амири Кувайт аз иқдоми ин кишвар барои кушодани сафорат дар шаҳри Душанбе истиқбол кард.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ бо таъкиди ин нукта, ки Кувайт шарики боэътимоди Тоҷикистон аст, афзуд: “Душанбе омодааст, то иқдомоти муштараки амалиро барои тақвияти бештари равобит бо кишвари арабӣ анҷом диҳад”.
Ҳамчунин, президенти Тоҷикистон ба ҳимояти молии лоиҳаҳои муҳимми Тоҷикистон дар заминаҳои инфрасохтор, энергетика, таъмини об таъкид намуда, изҳори умедворӣ кард, ки давлати Кувайт аз тасвиби қатъномаи СММ дар мавриди “Даҳсолаи сулҳ барои наслҳои оянда” - и Тоҷикистон ҳимоят кунад.
Ҳар ду ҷониб зимни дидору музокирот ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, саноатӣ, расонаӣ, варзишӣ, стандартсозӣ ва гардишгарӣ тавофуқ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд