22 Июн 2025,
якшанбе, 04:19, Душанбе
06.12.2024 16:19

Вазири тоҷик ҳайати кишвари Мисрро барои ширкат дар Конфронси ҳифзи пиряҳо даъват кард

Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рания Ал-Машат, Вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи энергетика ва захираҳои обро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Тибқи иттилои Вазорат, дар ин дидор таъкид гардида, ки дар шароити тағйирёбии иқлим рушд додани истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои Тоҷикистон муҳим аст.

Ҳамчунин, Далер Ҷумъа дар мулоқот ҳайати мисриро барои ширкат дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

21.06.2025 14:49

Низомии исроилӣ: “Эрон баъди зарбаҳо қудрати дифои ҳавоияшро барқарор кардааст”

Як масъули низомии исроилӣ гуфт, ки Эрон баъд аз зарбаҳои ҷиддие, ки аз сӯйи Исроил ба он ворид шуд, қобилияти дифои ҳавоии худро барқарор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Теҳрон дар самти дифои ҳавоӣ барои барқарор сохтан қадамҳои муҳимме гузошта, талош мекунад, иқтидорҳои низомии худро дубора барқарор кунад.
21.06.2025 13:06

Шавкат Мирзиёев ислоҳот дар соҳаи хизмати давлатиро оғоз кард. Занон, рақамисозӣ ва мубориза бо фасод дар меҳвари ислоҳот қарор доранд

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон бо имзои як фармон барномаи ислоҳоти системаи хизмати давлатӣ дар Ӯзбекистонро оғоз кард. Мақсади барнома гузаштан ба меъёрҳои муосири идоракунӣ, ба натиҷа расидан ва шаффофияти ҷалби бештари занон ба идораҳои давлатӣ хоҳад буд.
21.06.2025 12:57

Дар Хуҷанд то 35-солагии Истиқлол 950 иншооти нав сохта мешавад

Ба пешвози 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бар асоси нақша бунёди 950 иншооти таъиноташ гуногун бо суръат идома дорад. Мақомоти расмии вилоят иттилоъ медиҳанд, ки то ба имрӯз 900 иншоот ба истифода дода шуда ва нақша 94 фоиз иҷро шудааст.
21.06.2025 12:49

Дар Бадахшон дар арафаи Ваҳдат 3 парки инноватсионӣ ва 13 корхонаи истеҳсолӣ ифтитоҳ мешавад

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти нави саноатӣ, аз ҷумла се парки инноватсионии саноатию технологӣ, иборат аз 14 коргоҳи истеҳсолӣ ва шаш корхонаи дигар ба истифода дода мешавад.
21.06.2025 12:43

“Бунт” дар форуми Тошканд. Дар вақти суханронии Александр Новак намояндагони Амрико ва Аврупо ҷаласаро тарк карданд

Дар ҷаласаи умумии Форуми чоруми байналмилалии сармоягузории Тошканд дар вақти суханронии муовини сарвазири Русия Александр Новак беш аз 50 намояндаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо толорро тарк кардаанд.
21.06.2025 11:29

Аббос Ироқчӣ дар Женева: “Ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон ҷинояти бузурги ҷангӣ аст”

Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии имрӯзаш дар нишасти Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева ҳамлаҳои Исроил бар зидди Эронро башиддат маҳкум намуда, афзуд, ки “ҳар гуна тавҷеҳ барои ин ҷанги ноодилона ширкат дар ҷинояти бузург хоҳад буд”.
20.06.2025 17:30

Роҳбари шиаёни Ироқ: “Терори Хоманаӣ барои минтақа фоҷеабор хоҳад буд”

Оятуллоҳ Сиистонӣ, рӯҳонӣ ва роҳбари шиаёни Ироқ бо нашри изҳорот ҳамлаи Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард. Ӯ ба Исроил ва Амрико ҳушдор дод, ки терори роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ барои минтақа фоҷеабор хоҳад буд.