Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
Дар мулоқоти Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Виктор Лутенко, роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-уми октябр баргузор гардид, ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, зикр намуд, ки ду ҷониб дурнамои рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин созмони байналмилалиро баррасӣ намуданд. Дар иттилое, ки аз сӯйи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст, дар бораи имзои созишнома ё лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ чизе гуфта нашудааст.
Созмони байналмилалии муҳоҷират соли 1951 таъсис ёфта, бо ҳукуматҳо ва шарикони байналмилалӣ дар масъалаҳои муҳоҷират ҳамкорӣ мекунад. Аз самтҳои асосии фаъолияти он мусоидат ба муҳоҷирати бехатару муназзам, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва расонидани кумак ба шахсони оворашуда мебошад.
Тоҷикистон бо ин созмон дар масъалаҳои идоракунии муҳоҷират, ҳимояи муҳоҷирон ва ҳамкориҳои марбут ба неруи корӣ ҳамкорӣ дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод