Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Британияи Кабир мулоқот кард
Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4-уми август бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Мутаҳиддаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон мулоқот кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, омодагии муштараки худро барои густариш ва амиқ кардани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф ва амният баён намуданд.
Ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон омодагии ҷонибҳо ба идомаи муколамаи сиёсӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид гардид. Ҷонибҳо зарурати таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои миёни сохторҳои давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои илмӣ ва маорифи ду кишварро муҳим шумориданд.
Дар вазорати корҳои хориҷӣ зикр шуд, ки мулоқот дар фазои созишномаҳои мутақобил ва гуфтугӯҳои созанда доир гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд