


Тоҷикистону Эрон масъалаҳои муҳоҷират ва ҳамкории консулиро баррасӣ карданд

Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад

Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон барои рушди иқтисоди сабз ва ҳамкории озод дар минтақа омода аст”

Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар Ханкендӣ оид ба масоили густариши ҳамкориҳо гуфтугӯ намуданд
05.02.2025 17:03
Гуфтугӯи мақомҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи таҳдидҳои Афғонистон
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Томас Никлассон, намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон рӯзи 3-уми феврал бо ҳам дидор намуда, масъалаҳои таҳдидҳои амниятӣ аз хоки Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар иттилоияе навишт, ки ду ҷониб дар хусуси проблема ва таҳдидҳои мавҷуда дар Афғонистон гуфтугӯи созанда анҷом доданд.
Дар ин дидор Сироҷиддин Муҳриддин оид ба дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо изҳори назар кардааст.
Тоҷикистон пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи террористии Толибон ҳамвора аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ ва таҳдидҳои марзӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
15.07.2025 15:45
Ҷамъбасти шашмоҳаи аввал. Масъулини маорифи кишвар кадом масъалаҳоро бояд ҳал кунанд?
15.07.2025 10:49
Дастин Поре сабаби аз варзиш рафтанашро гуфт
Дастин Поре, собиқ чемпиони муваққатии UFC дар вазни сабук, ки рӯзи 19-уми июл охирин муҳорибаашро дар ташкилоти мазкур мегузаронад, дар мусоҳибае сабаби аз варзиш рафтанашро шарҳ дод.
14.07.2025 10:08
Шоҳин Муродов: “Дар блогинги тоҷик шахсони ҳирфаӣ кам ҳастанд”
Дуруст аст, ки роҳи расидан ба муваффақият ҳамвор нест ва ҳар кас аз ноҳамвориҳои зиёд мегузарад. Илова бар ин, ҳеч кас пешгӯӣ карда наметавонад, ки дар кадом соҳа муваффақ шуда метавонад, зеро бисёриҳоро медонем, ки дар касбу кори тамоман дигар комёб шудаанд. Яке аз чунин касон ҳамсуҳбати мо Шоҳин Муродов мебошад.
14.07.2025 10:05
Финали ғайриинтизор. "Челси" қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо шуд
Шоми гузашта дар доираи даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дастаҳои "Челси"-и Англия ва "ПСЖ"-и Фаронса бо ҳам рақобат карданд, ки бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи "Челси" ба анҷом расид.

14.07.2025 10:00
Имсол 73 хонанда бо медали тиллову нуқра мактабро хатм карданд
Дирӯз, 13-уми июл маросими ҷоизасупории Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.
14.07.2025 07:56
Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
14.07.2025 07:51
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо кай оғоз мегарданд?
Бинобар иттилои АМИТ “Ховар” аз 21-уми июл то 8-уми август нишастҳои матбуотии вазорату корхонаҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равон доир мегарданд.
13.07.2025 08:59
И. Усмонов: “Ҳамкорӣ бо Русия агар аз ҳарду тараф софдилона иҷро шавад, ба ҳарду тараф ҳам фоида меорад”
Дар шаҳри Маскав бо ташаббуси мақомоти масъули идеологии Федератсияи Русия, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия, Вазорати корҳои хориҷӣ ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ, аз ҷумла Донишгоҳи иқтисод ва сиёсати хориҷии ба номи Е.М. Примаков, Форуми байналмилалии илмӣ-коршиносии “Хонишҳои Примаков” баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии он, ки рӯзи 23-уми июн баргузор гардид, Юрий Ушаков, ёрдамчии Президенти Федератсияи Русия, муовини Думаи давлатӣ ва Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия иштирок ва суханронӣ намуданд. Рӯзи дуюми чорабинӣ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия суханронӣ кард.
12.07.2025 10:26
Меҳрнигори Рустам: “Агар суруди миллиро намедонистам...”
Шоми гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори кӯтоҳе ба гардиш даромад, ки дар он сарояндаи шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам суруди миллиро қироат карда, дар мисраи дуюми он хато мекунад. Дар шарҳи навори мазкур корбарон ҳар гуна суханҳои қабеҳ гуфтанд.
12.07.2025 10:21
Ироқчӣ: “Агар Амрико кафолат диҳад, ки ба Эрон ҳамла намешавад, ба музокира бармегардем”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ле Монд” –и Фаронса гуфт, ки Эрон ҳамеша ба музокирот бар асоси иззат, мантиқ ва эҳтироми мутақобил пойбанд буда. Ӯ дар ин хусус афзуд, ки ҳамеша миёни Эрон ва кишварҳои дигар тамосҳои дипломатӣ ҷараён дорад.
12.07.2025 10:07
Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони корхонаи сурмаи Айниро расман эълон намуданд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ оғози сохтмони корхонаи истихроҷи сурмаи ҶСК “Паҳандра Майнинг”-ро эълон карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
12.07.2025 09:48
Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид
Ҳукумати Ӯзбекистон ба изҳороти ахири Гурӯҳи кории Шурои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона, ки дар он масъалаи боздошти духтари президенти пешин Ислом Каримов — Гулнора Каримова баррасӣ шуда буд, вокуниш нишон дод.