05.11.2026 17:18
Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҷанг бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эоон ва ҳамкории Вашингтон бо Исроил омилҳои асосии шикасти Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии Амрико аст.
05.11.2026 17:12
Семён Григорев, cафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф барои нигоҳ доштани робитаҳои наздик ва ҳампаймонӣ дар оянда замина фароҳам мекунанд.
05.11.2026 14:58
Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия Алишер Домуллоҷоновро ба рӯйхати таҳримҳои марбут ба Эрон ворид кардааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ӯро ба дастгирии шабакаи интиқоли нафти Эрон муттаҳам мекунад.
05.11.2026 14:00
Имрӯз, 5-уми ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро сафар кард.
05.11.2026 12:01
Имрӯз, 5-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи «Раванди Ақаба» оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
05.11.2026 11:58
Сафари дуюми Аҳмад аш-Шаръа (Абумуҳаммад ал-Ҷавлонӣ) ба Арабистони Саудӣ дар камтар аз як моҳ, имзои даҳҳо созишнома ва тавофуқи ҳамкории дифоӣ миёни Риёзу Димишқ пурсишҳои наверо дар бораи ҳадафҳои воқеии ин ҳамкорӣ ба миён овардааст. Оё пуштибонии молии Саудӣ аз мақомоти имрӯзаи Сурия метавонад дар иваз бо иштироки ҷанговарони сурӣ дар муноқишаи Яман ҳамроҳ бошад?
05.11.2026 11:04
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мегӯяд, забони русӣ ва мардуми рус дар ташаккули давлатдории Русия нақши асосӣ доранд ва забони русӣ кафили ҳифзу рушди дигар халқҳои ин кишвар мебошад.
05.11.2026 10:53
Фуррах Ҳамрализода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, таъмини амнияти Авруосиё бидуни ҳамкории муштараки кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ имконнопазир мебошад.