Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Эрон дар Тоҷикистон “Мадрасаи Рӯдакӣ” месозад
Намояндагони дипломатии Тоҷикистон дар суҳбат бо мақомоти соҳаи маорифи Эрон масъалаи ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ, таъсисдиҳӣ ва ифтитоҳи “Мадрасаи Рӯдакӣ”-ро баррасӣ намуданд.
Вазири маориф (омӯзиш ва парвариш)-и Эрон Алиризо Козимӣ зимни суҳбат бо сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ба мушкилоти эҷоди “Мадрасаи Рӯдакӣ” дар Тоҷикистон ишора намуда, таъкид кард, ки ҳар ду кишвар барои ҳалли он бояд кумитаи муштарак ташкил намоянд.
“Кумитаи муштарак шомили муовинҳои ҳуқуқӣ, навсозӣ ва маркази байналмилалии вазорати маориф бо намояндагони Тоҷикистон дар ин замина бояд ташкил шавад ва ҳар чӣ зудтар мушкилоти мадраса бо тафоҳум ва ҳамкорӣ ҳал карда шавад” – пешниҳод намуд Алиризо Козимӣ, вазири маорифи Эрон дар суҳбат.
Алиризо Козимӣ дар суҳбат бо Низомиддин Зоҳидӣ ҳамчунин, таъкид кард, ки Эрон ба ҳама донишомӯзони тоҷик, ки дар Эрон зиндагӣ мекунанд, хизматрасонии омӯзишӣ фароҳам меорад ва мушкилоти ҷойдошта дар ин замина бартараф карда мешавад.
Низомиддин Зоҳидӣ таъкид кард, ки соҳаи маориф дар ҷомеа нақши муҳим дорад ва кишварҳое муваффақ ҳастанд, ки маорифи муваффақ доранд.
“Дар солҳои истиқлол Тоҷикистон бо Эрон ҳамкории хуб дорад ва санадҳои арзандае миёни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо Вазорати омӯзиш ва парвариши (маорифи) Эрон имзо шудааст. Ҳамчунин, дар қолаби коммисияи муштараки иқтисодӣ ва тиҷоратӣ низ масъалаҳои марбут ба омӯзиш ва парвариш яке аз меҳварҳои муҳим будааст” – таъкид кард Низомиддин Зоҳидӣ.
Сафири Тоҷикистон дар суҳбат бо вазири маориф (омӯзиш ва парвариш)-и Эрон ба мушкилоти роҳандозӣ ва созмондиҳии “Мадрасаи Рӯдакӣ” дар Тоҷикистон ишора намуда, пешниҳод кард, ки “Эҷод ва роҳандозии Мадрасаи Рӯдакӣ дар се ҳавза: моликият, муҳтавои китоби дарсӣ ва мудирият бо проблемаҳое рӯ ба рӯ аст ва тақозо мекунем, ки ин масъала бартараф ва ҳарчӣ сареътар ифтитоҳ шавад.
Тибқи санади имзошуда “Мадрасаи Рӯдакӣ” аз тарафи Эрон бояд дар Тоҷикистон сохта шавад. Ҳар ду кишвар дар ин замина тафоҳумномаро имзо кардаанд. “Мадрасаи Рӯдакӣ” тарҳи муштараки Эрон ва Тоҷикистон мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад