Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Қолибоф: “Барои интиқоли оби Тоҷикистон ба Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон музокира кардем”
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раис Маҷлиси Шурои исломии Эрон пас аз бозгашт аз Душанбе бо расонаҳои кишвараш суҳбат намуда, таъкид кард, ки дар ин сафар муҳимтарин масъалаҳои байни Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ ва гуфтугӯ қарор гирифтаанд.
Ӯ таъкид кард, ки дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи интиқоли оби Тоҷикистон ба Турманистон ва истифодаи Эрон аз манобеи обии Тоҷикистонро ба миён гузоштааст: “Бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон суҳбат кардем, то бахше аз оби ин кишвар ба Туркманистон интиқол ёфта, то битавонем аз тариқи сади Дӯстӣ фурсати бардошти ҳақобаи бештаре барои шарқи кишвар ва вилояти Хуросони Разавӣ дошта бошем, ки ҷазъиёти он дар ҷаласаҳои хусусӣ баррасӣ ва пайгирӣ хоҳад шуд”.
Ҷумҳури Исломии Эрон ба сабаби гармшавии иқлим сарчашмаҳои обии худро аз даст додааст ва бисёре аз рӯдхонаҳои бузурги ин кишвар хушк шудаанд. Бо ин сабаб, дар ҷиҳати пайдо намудани роҳҳои дастрасӣ ба сарчашмаҳои об талошҳои дипломатӣ анҷом медиҳад.
Эрон барои гирифтани ҳаққи оби худ аз рӯдхонаи Ҳилманди Афғонистон низ чӣ дар давраи ҳукуматҳои собиқи Афғонистон ва чӣ дар давраи ҳукумати Толибон (гурӯҳи террористӣ) музокира анҷом додааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем