Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самти ҳукумати электронӣ тақвият меёбад
Миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияҳои оммавии Федератсияи Россия вохӯрии расмӣ ва ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо ва муовини вазири рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияҳои оммавии Федератсияи Россия Кучушев Сергей иштирок ва суханронӣ намуданд.
“Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, ба аҳамияти рушди ҳукумати электронӣ ва такмили хизматрасониҳои давлатӣ таъкид намуданд. Ҳамзамон, омодагии тарафҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки пилотӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, таъмини амнияти киберӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, рушди соҳибкории рақамӣ, ҳамкорӣ дар самти зеҳни сунъӣ, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва табодули таҷриба изҳор карда шуд”, - навиштааст маркази матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳошияи вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Федератсияи Россия аз Маркази хизматрасониҳои давлатӣ боздид намуда, бо ҷараёни пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ ва фаъолияти инфрасохтори муосири хизматрасонӣ аз наздик шинос гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”