17.09.2025 16:39
Дар шаҳри Владивосток як гурӯҳи наврасони 15-сола муҳоҷирони кории Ӯзбекистонро латтукӯб намудаанд. Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, ки ҷавонон муҳоҷиронро мезананд, таҳқиру ҳақорат мекунанд ва як нафари онҳо ҳодисаро ба навор мегирад.
17.09.2025 16:26
Бошгоҳи шоҳонаи "Реал Мадрид" дар даври якуми Лигаи чемпионҳо майдони худ бо дастаи "Марсел" рақобат кард.
17.09.2025 10:57
Тавре ки хадамоти матбуоти киностудияи “Довфилм” хабар медиҳад, аз ин ба баъд алоқамандони синамо филмҳои истеҳсолнамудаи студияи мазкурро платформаи “Оила ТВ” тамошо карда метавонанд.
17.09.2025 10:16
Дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Бинои маъмурӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳити зист ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Кумита, ки қаблан дар дигар ҷойҳо фаъолият доштанд, ҷойгир карда шудааст.
17.09.2025 09:50
Баъди ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро, ки дар шакли кампус бунёд гардидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
17.09.2025 09:09
Шурои Иттиҳоди Аврупо нақшаи тадриҷии лағви барномаи қабули паноҳандагони украиниро қабул кард. Бар асоси ин нақша, баъди бозгашти субот дар Украина марҳила ба марҳила нақшаи лағви қабули паноҳандагон қабул карда хоҳад шуд. Нақша фарогири огоҳ кардани шаҳрвандон ва мубодилаи иттилоот дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Украинаро дар бар мегирад.
17.09.2025 08:56
Президенти Ирландия талаб кард, ки режими Исроил ва кишварҳое, ки онро бо силоҳ таъмин мекунанд, аз Созмони Милали Муттаҳид хориҷ карда шаванд.
17.09.2025 06:46
Шаҳрдори Лондон дар остонаи сафари Доналд Трамп ба Британия гуфт, ки Президенти Амрико оташи сиёсатҳои тафриқангезро дар саросари ҷаҳон боз ҳам шиддат бахшидааст.