Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард
Дипломати тоҷик: Тоҷикистон аз субот ва бозсозии Афғонистон ҳимоят мекунад
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон
Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр ва Муҳаммад Баҳр ал-Улум, муовини Вазири корҳои хориҷии Ироқ, дар шаҳри Бағдод мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Бар асоси иттилои расонаҳо, дипломатҳои аршади ду кишвар масоили густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин, таҳким додани заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷониб вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро баррасӣ кардаанд. Онҳо, ҳамчунин, дар бораи густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф ва тақвияти заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба табодули назар намудаанд.
Мулоқоти дуҷонибаи дипломатҳои аршади ду кишвар дар ҳошияи нишасти 52-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ доир гардид.
Нишасти мазкур рӯзи 17-уми октябр дар шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Ироқ таҳти унвони “Муколама ва ҳамбастагӣ ҳамчун ду рукни асосии пешбурди сулҳ ва рушди устувор” доир гардид. Ин нишаст бори аввал дар 45 соли ахир дар шаҳри Бағдоди Ироқ доир шуд. Дар ҷараёни ин нишаст, кишвари Ироқ раёсати даврии Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Исломӣ дар Туркияро бар уҳда гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Ироқ таъкид кард, ки дар ин нишаст намояндагони дипломатии 55 кишвари узв, аз 57 кишвари узви Созмони ҳамкории Исломӣ, аз ҷумла 22 вазири хориҷӣ ширкат намуданд.
Вазирони корҳои хориҷа ва намояндагони аршади кишварҳои узви созмон дар ин нишаст Эъломияи Бағдодро қабул намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.