Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Сафири тоҷик дар Риёз: “Тоҷикистон шарики муҳимми Арабистони Саудӣ аст”
Рӯзномаи арабии “Арабюнз” ҳафтаи гузашта ба нақл аз Акрам Каримӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ навишт, ки Тоҷикистон хостори наздик шудан ба Арабистони Саудӣ аст. Ин рӯзнома таъкид мекунад, ки сафири тоҷик бо шарики муҳим хондани Арабистони Саудӣ хостори густариши равобит миёни ду кишвар мебошад.
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ чунин кардааст: “Мо Арабистонро як шарики муҳим дар назар мегирем ва ба дунболи тақвияти ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳо ҳастем”.
Сафири Тоҷикистон дар маросиме, ки дар Кохи Фарҳанг баргузор гардид, ба таърихи муносибатҳои ду кишвар ишра намуда, таъкид кардааст, ки “33 сол аст, кишвари ман бо қудрат ва ирода барои ҳифзи истиқлол ва ҳокимияти худ ва дастёбӣ ба дастовардҳо дар масири пешрафт ҳаракат мекунад”.
Дар зимн, сафири Тоҷикистон аз пуштибонӣ ва ҳимояти молии Арабистони Саудӣ дар робита ба муассисаҳои молӣ, монанди Бонки рушди исломӣ, Сандуқи рушди Арабистон ва Маркази имдод ва иқдомоти башардӯстонаи Малик Салмон сипосгузорӣ кардааст.
“Мо бо бародарони саудии худ барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар ҳамкорӣ мекунем ва муштоқона мунтазири ҳузури сармоягузории матлуби Арабистон дар Тоҷикистон ҳастем” – гуфтааст сафир Акрам Каримӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад