13 Октябр 2026,
сешанбе, 09:44, Душанбе
17.02.2025 09:43

Қоҳир Расулзода ба ҳайси меҳмони вижа ба Эрон сафар хоҳад кард

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо даъвати муовини аввали президенти Ҷумҳури Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф имрӯз (17.02.2025) барои ширкат дар ҳамоиши иқтисодӣ ба Теҳрон сафар хоҳад кард. Дар ин хусус расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд.

Тибқи иттилои расонаҳо Қоҳир Расулзода бо ҳайати баландпояи Тоҷикистон вориди Теҳрон хоҳад шуд. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони вижа дар сеюмин Ҳамоиши иқтисодии Хазар ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

Ҳамоиши иқтисодии Хазар аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон барномарезӣ шуда, дар он кишварҳои ҳавзаи Хазар ширкат ва дар робита ба масоили иқтисодӣ гуфтугӯ мекунанд. Ҳадафи он пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкории иқтисодӣ ба манзури рушди иқтисоди минтақавӣ аст.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сафар бо мақомоти олии Эрон, аз ҷумла президенти ин кишвар, раиси Шурои исломӣ (парлумон)  ва дигар сохторҳои олии Эрон дидор ва мулоқот хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.