Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон ва Путин дар Ленингарад дидор мекунанд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия рӯзи сешанбе, 4-уми январи соли 2025 дар Ленинград дидор ва гуфтугӯ хоҳанд кард. Дар ин хусус, ёрдамчии президенти Федератсияи Русия Юрий Ушаков хабар дод.
Ёрдамчии президенти Федератсияи Русия Юрий Ушаков гуфт, ки дар ин дидор сарони ду кишвар масъалаи ҳамкориҳои техникиву низомӣ ва вазъияти Афғонисторо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
“РИА Новости” аз қавли Юрий Ушаков навишт, ки муҳоҷират, густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ мавзӯи гуфтугӯӣ сарони ду кишвар хоҳад буд.
Ин дидор дар ҳоле анҷом мешавад, ки Тоҷикистон дар соли 2025 масъулияти раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар уҳда хоҳад гирифт. Раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024 бар уҳдаи Русия буд.
Сергей Лебедов, дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нишасти охири сарони кишварҳои узви СААД лоиҳаи пешниҳодии Тоҷикистон дар робита ба эҷоди тарҳи “камарбанди амниятӣ” дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ҳимоят кард. Вай таъкид карда буд, ки эҷоди тарҳи “камарбанди амниятӣ” дар атрофи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боиси коҳиш ва густариши гурӯҳҳои террористӣ хоҳад шуд.
Тарҳи эҷоди “камарбанди амниятӣ” дар атрофи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро нахустин бор Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар соли 2023 пешниҳод намуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд