Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён
Имрӯз, 2-юми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар иттилоъ медиҳад, дар барқияи изҳори тасаллӣ омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Бо камоли таассуф ва андӯҳи амиқ хабари шаҳодати Роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз масъулини давлатӣ ва фармондеҳонро дарёфт кардем. Бо арзи маротиби таслият ба миллати шарифу сарбаланди Эрон бинобар ин талафоти бузург, мехоҳам бар нақши мондагори шаҳид Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ дар рушди равобити ҳамаҷониба ва созандаи Тоҷикистону Эрон ва таҳкими ҳамкориҳои ду миллати бостонӣ ва тамаддунофар таъкид намоям. Дар ин айёми фоҷеабор барои мардум ва кишвари бародари Эрон ғамшарикии мардуми Тоҷикистонро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди маннон барои ҳамаи он шаҳидон, ки дар ҷавори раҳмати Илоҳӣ ҷой гирифтаанд, ғуфрони абадӣ ва барои ҳамаи пайвандони азизи онҳо сабри ҷамил дар ин мусибати ҷонкоҳ масъалат дорам».
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”