Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Вазири хориҷаи Чин: “Тоҷикистон ва Чин якҷоя бо “се нерӯ” мубориза мебаранд”
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар ҷаласаи бисёрҷониба бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъкид кард, ки кишвараш якҷоя бо Тоҷикистон бар алайҳи терроризму экстремизм мубориза мебарад ва дар ин самт бояд равобит густариш ёбад. Дар ин хусус сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар додааст.
“Мо якҷоя бо “се нерӯ” (терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм) мубориза мебарем, аз паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ пешгирӣ мекунем ва якҷоя дар минтақа монеаи мустаҳками амниятӣ эҷод хоҳем кард” – таъкид кардааст вазири корҳои хориҷаи Чин Ван И.
Ван И амиқтар намудани ҳамкориҳо дар заминаи инфрасохтор ва иртибототро муҳим арзёбӣ намуда, афзудааст, ки “истифодаи зарфиятҳои ҳамлу нақли фаромарзӣ ва таҳқиқи имконоти густариши ҳамкориҳои сеҷониба” ба манфиати ду кишвар аст.
Вазири корҳои хориҷии Чин таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ва Чин, ҳамчунин, бояд дар бахши маориф ва сайёҳӣ ҳамкориҳоро тақвият диҳанд.
“Мо шод хоҳем шуд, агар ҷониби Тоҷикистон дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши бештаре дошта бошад” – таъкид кардааст вазири корҳои хориҷии Чин Ван И.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд