Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Мулоқоту музокироти роҳбарони Тоҷикистону Муғулистон
21-уми июл баррасии масоили ҳамкорӣ дар суҳбати хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух оғоз гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳои сиёсии ду кишвар ёдовар шуда, ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ҳамчун воситаи муассири таҳкими эътимоди сиёсӣ аҳамияти махсус доданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар музокирот ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва рушди зерсохтор, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Муғулистон, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
“Пешниҳод шуд, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба Гурӯҳҳои муштараки корӣ дар соҳаҳои энергетика ва сохтмон ва рушди инфрасохтор таъсис дода шавад. Саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гашт. Фаъолияти мунтазами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳамоҳангсозии маҷмӯи робитаҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузорӣ муҳим дониста шуд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки густариши минбаъдаи робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва академӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар муассисаҳои соҳавии ду кишвар самти дигари ҳамкорӣ номида шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод