Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар бахши илму маорифро густариш медиҳанд
Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳайати корӣ аз Вазорати маориф ва илми Қатар мулоқот карда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маорифро баррасӣ намуданд.
Бар асоси иттилоъ, ин мулоқот рӯзи 19-уми август дар шаҳри Душанбе доир шуд ва ду ҷониб ҳавасмандии худро барои густариши робитаҳо зоҳир намуданд.
Ду ҷониб зарур будани таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимиро, бахусус дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъкид намуданд.
Ҷонибҳо масъалаи таъсис додани маркази омӯзиши забонҳо, бахусус забони арабӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, барои таъсис додани он изҳори омодагӣ намуданд. Ҳарду тараф ташкили маркази омӯзиши забонҳоро иқдоми муҳим арзёбӣ карданд.
Ду ҷониб изҳори умедворӣ карданд, ки ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Қатар густариш меёбад ва ин заминаи рушди илму маориф ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаро фароҳам хоҳад овард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд