10 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:30, Душанбе
16.09.2026 13:54

Миёни Тоҷикистону Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

16-уми сентябр дар шаҳри Сеул аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бинобар иттилои дастрас, санадҳои зерин миёни Тоҷикистону Корея ба имзо расиданд: Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии миёниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Корея дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея, Ёддошти тафоҳум миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоотии кашшофии молиявӣ дар бораи қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи наклиёт,  Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ миёни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA), Созишномаи ҳамкории техникӣ миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии бехатарии меҳнат ва саломатии Корея, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, Ёддошти тафоҳум миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудирияти кадрҳои Ҷумҳурии Корея ва Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон ва Агентии миллии Политсияи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

10.11.2026 11:55

Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
10.11.2026 11:54

Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
10.11.2026 10:06

Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад

Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистонро зиёд кунад. Мақомоти ду кишвар барои воридоти гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо ҳам гуфтугӯ намудаанд. Ин раванд дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон аз ҳоло яке аз таъминкунандагони асосии бозори Тоҷикистон бо ғалладона ба шумор меравад.
10.11.2026 09:57

“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ бо иштироки намояндагони 10 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
10.11.2026 08:37

Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд

Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Покистон дар тамрингоҳи минтақаи Черати Покистон бо номи “Дӯстӣ-III” баргузор шуд. Дар ин тамринҳои зиддитеррористӣ низомиёни ду кишвар табодули таҷриба намуда, такмил додани омодагии ҷангиро тамрин карданд.
10.11.2026 07:23

Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад

Федератсияи Русия барои содирот 100 ҳазор тонна сӯзишвории иловагӣ ба Тоҷикистон ҷудо мекунад. Баъди ин қарор ҳаҷми умумии воридоти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон дар соли 2026 ба 550 ҳазор тонна мерасад.
10.11.2026 06:17

Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр дар ҷараёни мулоқот бо масъулони ширкати милли шабакаҳои барқи Қазоқистон “KEGOC” бо имкониятҳои нави идоракунии шабакаҳои барқӣ, аз ҷумла истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетика шинос шудааст.
09.11.2026 15:48

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми ноябр дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дастовардҳои Қазоқистон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии ин кишварро муҳим арзёбӣ карданд.
09.11.2026 15:42

Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад

Файсал Ниёз Тирмизӣ, сафири Покистон дар Русия дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки вазъияти ноустувори амниятӣ дар Афғонистон монеаи иҷрои лоиҳаҳои пайвасткунии Покистон ба Осиёи Марказӣ ва Эрон мешавад. Сафир таъкид намуд, вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа таъсир мерасонад.