Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Эри Арфия мулоқот намуд
11-уми август вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфияро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба табодули афкор намуданд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Ҷопон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Таъкид мегардад, ки дар мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, инчунин, ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зоҳир гардид. Махсусан, аҳамияти иҷрои тавофуқоте, ки роҳбарони давлатҳо дар доираи Саммити «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ба даст овардаанд.
“Дар фарҷоми вохӯрӣ маросими имзои санадҳои муштарак, аз ҷумла мубодилаи ёддоштҳо оид ба лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” ва зеристгоҳи низоми интиқоли барқи Душанбе баргузор гардид”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард