Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Файзалӣ Идизода: “Аз муноқишаҳои мусаллаҳи минтақавӣ, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон... нигаронем”
Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия иброз дошт, ки дар шароити имрӯза мо бо мушкилоту монеаҳое рӯ ба рӯ ҳастем, ки на танҳо ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, балки ба таъмини ҳамзистии осоишта ва татбиқи принсипҳои сулҳ ва адолат, ки ҳам барои мо ва ҳам барои наслҳои оянда муҳиманд, вобаста мебошанд.
“Мо аз афзоиши хушунат, муноқишаҳои мусаллаҳи минтақавӣ, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон, вайроншавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва тартиботи устувори ҷаҳонӣ нигарон буда, ҳамаи амалҳоеро, ки боиси ранҷу азоби инсонӣ ва мушкилоти густурдаи башардӯстона гардида, ҳаёти аҳолии осоиштаро таҳдид менамоянд ва суботи минтақаро халалдор месозад, маҳкум мекунем”, - гуфтааст Файзалӣ Идизода.
Бинобар иттиллои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзалӣ Идизода дар баромади худ афзудааст, ки “Ба мо – вакилони мардумӣ имконият фароҳам шудааст, ки дар ташаккули умеду орзуҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа ба сулҳу созиш дар саросари ҷаҳон тавассути шаффофият ва иштироки шаҳрвандон дар раванди қонунэҷодкунӣ саҳм гузорем”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод