Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Баррасии таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ
Имрӯз, 4-уми март директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Хуршед Файзуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф вохӯрӣ кард.
Тавре ки маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин, густариши истифодаи технологияҳои муосир дар бахшҳои иқтисод ва низоми идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла бо Олмон, ҷиҳати интиқоли технология, ҷалби сармоя ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои рушди технологияҳои рақамӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем