Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”
Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш
Муовини Трамп ба Муҳсин Ризоӣ барои музокира нома навишт
Трамп: “Мулоқоти Путин ва Зеленский ба зудӣ баргузор мешавад”
Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард
Суханронии Шарифзода Юсуф Тоир, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо забони урду дар ҷараёни боздид аз Палатаи савдо ва саноати шаҳри Файсалободи Покистон таваҷҷуҳи соҳибкорони ин минтақаро ҷалб кард.
Сафири Тоҷикистон ва масъулони Палатаи савдо ва саноати шаҳри Файсалободи Покистон зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора, рӯзномаи “Европа тудей” (The Europe Today” рӯзи 3-юми ноябри соли 2026 хабар дода, навишт, ки сафири Тоҷикистонро намояндагони Палатаи савдо ва саноати Покистон истиқбол намуда, талошҳояш барои таҳкими робитаҳои ду кишвар ба воситаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва дипломатиро қадр намуданд.
Юсуф Малик, узви иҷроияи Палатаи савдо ва саноати шаҳри Файсалободи Покистон дар ҷараёни суханронӣ аз сафири Тоҷикистон барои боздид аз ин ниҳод изҳори сипос намуда, ӯро на фақат намояндаи дипломатии Тоҷикистон, балки “сафири дӯстии ду миллат” номид.
Юсуф Малик таъкид намуд, суханронии Шарифзода Юсуф Тоир бо забони урду, ки забони миллии Покистон аст, ба намояндагони ҷомеаи соҳибкорони Покистон таъсири мусбат гузоштааст. Ӯ ин иқдоми сафири Тоҷикистонро нишонаи эҳтиром ба фарҳанги Покистон ва робитаҳои таърихӣ, динӣ ва забонии мардумони ду кишвар арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни боздид ва мулоқоти дуҷониба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки соҳибкорон, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои истифодаи имкониятҳои нави ҳамкории дуҷониба баррасӣ шудаанд.
Шарифзода Юсуф Тоир Тоҷикистонро яке аз дарвозаҳои муҳимми Покистон ба Осиёи Марказӣ номид ва таъкид намуд, ки Покистон дар навбати худ метавонад барои Тоҷикистон ба воситаи бандари Гвадар ба Баҳри Араб роҳ кушояд.
Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки мавқеияти географӣ ва манфиатҳои иқтисодии мутақобили ду кишвар барои рушди тиҷорат, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ имкониятҳои назаррас фароҳам мекунанд.
Ҳамчунин, Юсуф Малик изҳори итминон намуд, ки тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон метавонад бартариҳои географии ду кишварро ба имкониятҳои воқеии иқтисодӣ табдил диҳад ва ба соҳибкорону аҳолии ҳар ду кишвар манфиат расонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҷанги зидди Эрон мавқеи Трампро дар Конгресси ИМА заиф кард
Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ
Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард
Дар Вазорати фарҳанг лоиҳаи рушди таҳсилоти бадеӣ ва фарҳангии кӯдакону наврасон муҳокима шуд