Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Фонди Саудии Рушд дар Тоҷикистон се лоиҳаро дар соҳаҳои маориф, энергетика ва ирригатсия амалӣ мекунад
Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ зимни мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори Фонди Саудии Рушд Султон Ал-Маршад таъкид гардид, ки фонди зикршуда 3 лоиҳаро ба маблағи умумии 145,0 миллион доллар дар соҳаҳои маориф, ирригатсия ва энергетика мавриди татбиқ қарор медиҳад.
Зимни мулоқоти дуҷониба доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо Фонди Саудии Рушд, ҳамкории созандаи дуҷониба дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт ва обёрӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Таъкид шуд, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Саудии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои мухталифи сармоягузорӣ 296,7 миллион доллари ИМА ҷудо намудааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои муҳимми таъмини рушди мамлакат, аз қабили саноату кишоварзӣ, энергетика, рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, низоми таъминоти оби нӯшиданӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва табдил додани онҳо ба роҳҳои муосири байналмилалӣ изҳори назар намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад