Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти СҲИ ширкат намуд
Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр дар нишасти 29-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ширкат кард. Ин нишаст ба шакли маҷозӣ доир шуд.
Бар асоси иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷараёни суханронии худ ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси шабакаи муосири "ҳушманд” ва аз ҷиҳати экологӣ устувори нақлиётӣ мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст ба нақши калидии Тоҷикистон дар таҳия, пешбурд ва амалӣ сохтани ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об таъкид кард ва кишварҳои узви СҲИ-ро ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, даъват намуд.
Дар ҷараёни нишаст ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории мутақобила, равандҳои мавҷуд ва роҳҳои таҳкими онро дар доираи созмони зикршуда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод