Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият меёбад
АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 17-уми июн дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аз рӯи натиҷаи мулоқоти роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари давлати Чин Си Ҷинпин санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади таъмини татбиқи самараноки Ёддошти тафоҳум, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки Гурӯҳи кории муштарак оид ба зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад. Инчунин, ҷонибҳо уҳдадор мешаванд, ки барои тарғиб ва истифодаи манфиатҳои технологияи зеҳни сунъӣ ба нафъи мардуми ду ҷумҳурӣ ва инсоният дар маҷмуъ мусоидат намоянд.
Тибқи иттилои дастрас, ҳадафи санади мазкур баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни ду давлат, тақвияти ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидор, пешбурди амалисозӣ ва такмили иқтисодиёт ва рушди босифати ҳар ду давлат арзёбӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд