Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Пешвои миллат ба Масъуд Пизишкиён ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 18-уми июн барқияи табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нашр намуд.
Дар ин барқияи табрикӣ, аз ҷумла гуфта мешавад, ки дастрасӣ ба ин созиши муҳим барои миллати Эрон осон набуда, балки натиҷаи талошҳои зиёд ва иродаи қавӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда барои таъмини сулҳи устувор ва фарогир дар Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии пойдор аҳаммияти калидӣ доранд.
Дар барқия, ҳамчунин, зикр шудааст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли ихтилофоту низоъҳо тавассути музокирот ва муколамаи дипломатӣ, ин рӯйдоди муҳимро истиқбол менамояд.
Дар поёни барқияи хеш, Пешвои миллат ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон саломатии бардавом ва комёбиҳои навин, инчунин, ба мардуми Эрон сулҳу амнияти пойдор ва пешрафту шукуфоии бештар орзу намудаанд.
“Бо умеди рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни кишварҳои мо, ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу амнияти пойдор ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам” – омадааст дар охири барқяи табрикии Пешвои миллат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард