09.11.2026 09:01
Вазири корҳои хориҷии Эрон аз маъмурияти ИМА хост, ки пешниҳоди дурӯзаи Теҳронро қабул кунад ё роҳи ҷангро интихоб намояд.
09.11.2026 08:45
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гуфтааст, ки эҳтимол дорад ҳафтаи оянда дар ҳошияи нишасти “Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором” бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Си Ҷинпин, роҳбари Чин, барои поён додан ба ҷанги Эрон мулоқот кунад.
09.11.2026 08:36
“Ассошиэйтед пресс” ба нақл аз манобее дар Сурия хабар додааст, ки интизор меравад ҳафтаи оянда ҳудуди 600 неруи вижаи сурӣ ба Арабистони Саудӣ фиристода шаванд.
09.11.2026 08:23
Доналд Трамп, президенти Амрико хабар дод, ки ба роҳбари ташкилоти UFC Дана Уайт пешниҳод кардааст, ки котиби матбуотии ӯ шавад.
07.11.2026 16:36
Чанд ҳафта қабл иттилое нашр шуд, ки таваҷҷуҳи аксари коршиносони масоили хориҷиро ба худ ҷалб кард. Ин иттилоъ дар бораи ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон буд. Гуфта шуд, ки ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон ва Қазоқистон дар давоми 9 моҳи соли 2026 ба 1 миллиарду 130 миллион доллар расидааст. Ин рақам баёнгари тақвият ва густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон аст.
07.11.2026 16:22
Чин тадриҷан робитаҳои дипломатии худро бо гурӯҳи террористии Толибон коҳиш дода, мехоҳад бо ин гурӯҳ фақат дар бахши иқтисод ва тиҷорат ҳамкорӣ кунад.
07.11.2026 15:12
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ ба оилаи афсари ҳалокшудаи Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди хонаи истиқоматиро тақдим намуд.
07.11.2026 10:22
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ошкори 136 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашонӣ хабар дод.