Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Владимир Путин барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм изҳори сипос намуданд
Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суҳбати телефонӣ, ки имрӯз 14 октябр сурат гирифт, аз Сарвари давлати мо барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм зимни сафари давлатиашон ба Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон ҷанбаҳои алоҳидаи мувофиқаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои татбиқи минбаъдаи онҳоро мушаххас сохтанд.
Ҳамчунин, натиҷаҳои муҳими Нишасти сарони давлатҳо дар чорчуби “Осиёи Марказӣ - Русия” ва ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, ки дар Душанбе баргузор гардиданд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом, омодагии ҷонибҳо барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод