Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Намояндаи Тоҷикистон бо Рафаэл Гросси мулоқот кард
Рӯзи 28-уми ноябр дар ҳошияи Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) оид ба масъалаҳои илми ҳастаӣ, фановариҳо ва барномаи ҳамкории фаннӣ мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дабири кулли Агентии байналмилалии неруи атомӣ Рафаэл Гросси баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии неруи атомӣ, раванди татбиқи лоиҳаҳои маштараки феълӣ ва инчунин, тарҳҳои миллии навро дар самтҳои мухталиф дар доираи “Барномаи ҳамкории фаннии Агентии байналмилалии неруи атомӣ барои соли 2026-2027” мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд зикр намуд, дар ҷаласаи Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА), ки дар Вена баргузор гардид, масъалаи атомӣ ва пешгирӣ аз сохтани силоҳҳои атомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ниҳоди зикршудаи байналмилалӣ вазифа дорад, ки паҳншавии силоҳҳои атомиро пешгирӣ кунад. Ниҳоди мазкур дар ҷаҳон фаъолияти атомии кишварҳоро назорат менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд