5 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 14:34, Душанбе
05.11.2026 10:53

Фаррух Ҳамрализода хостори ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ шуд

Фуррах Ҳамрализода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, таъмини амнияти Авруосиё бидуни ҳамкории муштараки кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ имконнопазир мебошад.

Фаррух Ҳамрализода рӯзи 3-юми ноябр дар ҷараёни суханронӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии Минкс оид ба амнияти Авруосиё ин нуктаро таъкид намуд.

Дар ин бора хабаргузории давлатии Беларусия “БелТа” гузориш дода, ба нақл аз Фаррух Ҳамрализода навишт, ки вазъияти байналмилалӣ дар пасманзари тағйироти босуръати сиёсиву технологӣ, коҳиши эътимод байни давлатҳо ва заиф шудани пойбандӣ ба ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар чи бештар номуайян ва пешгӯинашаванда мешавад.

Тибқи гуфтаи ӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шароити афзоиши танишҳо дар ҷаҳон ҷонибдори сулҳу субот аст ва таҳкими робитаҳои байналмилалиро барои таъмини амният зарур медонад.

Фаррух Ҳамрализода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, ба нақши Афғонистон дар амнияти минтақаи Авруосиё ишора намуда, гуфт, ки Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои эҳтимолӣ иқдом хоҳад кард.

Ӯ таъкид кард, ки терроризм, ифротгароии хушунатомез, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва интиқоли ғайриқонунии силоҳ таҳдидҳои муҳимми фаромарзӣ ба шумор мераванд.

Фаррух Ҳамаризода ҳамчунин, аз равандҳои босуръат ва баъзан харобиовар дар фазои иттилоотӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намудааст, ки муқовимат ба хатарҳои муосир танҳо бо талошҳои муштараки давлатҳо самарабахш буда метавонад.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт фаъолона талош мекунад. Дар ин замина, “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ҳамчун яке аз платформаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносон арзёбӣ шудааст.

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар поёни суханронии худ аз Беларус барои ташкили конфронс изҳори сипос кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.11.2026 11:58

Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?

Сафари дуюми Аҳмад аш-Шаръа (Абумуҳаммад ал-Ҷавлонӣ) ба Арабистони Саудӣ дар камтар аз як моҳ, имзои даҳҳо созишнома ва тавофуқи ҳамкории дифоӣ миёни Риёзу Димишқ пурсишҳои наверо дар бораи ҳадафҳои воқеии ин ҳамкорӣ ба миён овардааст. Оё пуштибонии молии Саудӣ аз мақомоти имрӯзаи Сурия метавонад дар иваз бо иштироки ҷанговарони сурӣ дар муноқишаи Яман ҳамроҳ бошад?
05.11.2026 11:04

Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мегӯяд, забони русӣ ва мардуми рус дар ташаккули давлатдории Русия нақши асосӣ доранд ва забони русӣ кафили ҳифзу рушди дигар халқҳои ин кишвар мебошад.
05.11.2026 10:53

Фаррух Ҳамрализода хостори ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ шуд

Фуррах Ҳамрализода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, таъмини амнияти Авруосиё бидуни ҳамкории муштараки кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ имконнопазир мебошад.
05.11.2026 10:42

Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад

Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (EXIM Bank) имкони бозбинии арзёбии хавф (риск)-ҳои иқтисодии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳо барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ намудаанд.
05.11.2026 10:35

Вазорати тандурустӣ бо Бонки исломии рушд ва Барномаи кумакҳои хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ иҷрои лоиҳаи “воҳидҳои мобилии тиббӣ”-ро баррасӣ кард

Дар Душанбе вохӯрии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ бо ҳайати Бонки исломии рушд ва Барномаи кумакҳои хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ таҳти роҳбарии директори иҷроияи барномаи мазкур доктор Абдулазиз ибни Фаҳд Ал-Ангари вохӯрӣ намуд.
05.11.2026 09:22

Толибон 650 навъи асбоби мусиқиро дар Хӯст оташ задаанд

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки намояндагони Идораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункари гурӯҳи террористии Толибон дар вилояти Хӯст садҳо асбоби мусиқиро, ки аз тӯйҳои хонадоршавӣ ҷамъоварӣ карда буданд, оташ задаанд.
05.11.2026 09:03

Рустами Эмомалӣ бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардид

4-уми ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд.
05.11.2026 08:02

Барои бунёди зеристгоҳи нави барқӣ санги асос гузошта шуд

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини боэътимоди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он дар наздикии «Боғи Ғалаба» (Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ) барои бунёди зеристгоҳи нави барқии 220/110/10 кВ санги асос гузошта шуд.
04.11.2026 18:52

Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд

Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико, пас аз пирӯзии демократҳо гуфтааст, ки мардуми ин кишвар хостори сиёсате ҳастанд, ки ба ҷойи тафриқаангезӣ, заминаи ҳамбастагиро фароҳам созад.
04.11.2026 18:31

Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст

Рӯзномаи бритониёии “Гардиан” (The Guardian) менависад, ки шикасти сангини ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии ИМА нишонаи заиф шудани нуфузи Доналд Трамп ва поёни давраи ҳукмронии сиёсии ӯст. Ба навиштаи ин рӯзнома, интихобкунандагони амрикоӣ бо раъйи худ норозигии ошкорашонро аз давраи дуюми раёсати ҷумҳурии Трамп баён карда, барои маҳдуд кардани қудрати ӯ замина фароҳам оварданд.
04.11.2026 16:11

Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон

Илон Маск, миллиардери амрикоӣ ва соҳиби шабакаи иҷтимоии “Икс” (X), ки бо харҷи садҳо миллион доллар аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи миёндавраии ИМА ҳимоят карда буд, пас аз нокомии интихоботии ин ҳизб бо нашри паёми кинояомез дар шабакаи иҷтимоии “X” вокуниш нишон дод.
04.11.2026 15:33

Тоҷикистон бо Бонки рушди Олмон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард

Рухшона Насриддинзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки рушди Олмон (KfW) мулоқот намуда, вазъи ҳамкориҳои дуҷониба ва имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ намуд.