Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистон ба қатъномаи ташкили кишвари Фаластин раъйи мусбат дод
Дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешнависи қатънома оид ба ташкили кишвари мустақили Фаластин ба раъйгирӣ гузошта шуд, ки аксарияти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ба он раъйи мусбат доданд.
Тибқи натиҷаҳои раъйгирӣ, ба ин қатънома 141 кишвар раъйи мусбат, 10 кишвар раъйи бетараф ва 12 кишвар раъйи мухолиф додаанд.
Дар матни ин қатънома ҳамлаҳои артиши Исроил ба сокинони Навори Ғазза, ҳамла ба инфрасохтори ғайринизомӣ, муҳосира ва эҷоди гуруснагӣ маҳкум шудааст.
Таъкид шудааст, ки ҷанг дар Навори Ғазза бояд фавран хотима дода шавад. Ҷонибҳо бояд роҳи ҳалли ду кишварӣ ва таъсиси кишвари мустақили Фаластинро пазируфта, барои хотимаи низоъ аз роҳҳои дипломатӣ истифода кунанд.
Қабули ин қатънома қадами муҳим дар роҳи таъсиси кишвари мустақили Фаластин ва ба расмият шинохтани ҳуқуқи миллати Фаластин мебошад.
Исроил, ки солҳо боз монеи ташкили кишвари Фаластин аст, бо маҳкум кардани ин амали СММ гуфтааст, ки иҷозаи ташкили ду кишвар дар ин минтақаро нахоҳад дод. Исроил ва ҳампаймонони наздикаш, аз ҷумла Амрико ба ин қатънома раъйи мухолиф додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд