Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Сафири Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжизюн вохӯрӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Чин бар пояи зиёда аз дусаду панҷоҳ санади байналмилалии дуҷониба асос ёфта, самаранокии талошҳои дипломатии ҷонибҳоро исбот менамояд.
“Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки муваффақияти бадастомада дар муносибатҳои дуҷонибаи мо бо шарофати муносибатҳои дӯстона, иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои Сарони давлатҳо - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин амалӣ гардидаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ меафзояд, ки ҷонибҳо фаъолияти самарабахш ва натиҷабахши ба роҳ мондани ҳамкории байнипарламентиро, ки соли 2005 оғоз ёфтааст, мусбат арзёбӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои савдо, гуманитарӣ, фарҳанг, маориф, мудофиа, амният ва мубодилаи таҷриба дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”